майдон — [ميدان] 1. замини васеъ, ялангӣ, ҷои кушоду фарох барои ҷамъомади одамон, гузаронидани машқ, аспдавонӣ ва ғ. ; арса: майдони машқ, майдони рақс; майдони кор арсаи кор 2. дарахтзори мевадор, боғ 3. маҷ. ҷавлонгоҳ 4. маҷ. ҷанггоҳ, маҳалли корзор;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
тозон — [تازان] феъли ҳол аз тохтан; дар ҳоли тохтан, давида давида, давон, тозон тозон давида давида, батохт, босуръат … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ҷавлон — [جولان] а 1. ҳаракатҳои пай дар пай, ҷунбиши пай дар пай, тоб хӯрда ҳаракат кардан 2. давидан, тохтан, тез ҳаракат кардан; мардро майдон нишон медиҳад, харро ҷавлон (мақ.) 3. ҳаракати тез, хез кардан 4. рафтори хиромон; ҷавлон рафтан хиромон… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
асп — [اسپ] 1. чорпои хонагӣ, сумдори саворӣ ва боркаш; аспи бидав аспи даванда; аспи бодпой аспи тезрав; аспи боркаш аспе, ки бо он бор мекашанд; аспи бузкашӣ // аспи кӯпкоригӣ аспи махсуси мусобиқаи бузкашӣ; аспи даврӣ аспе, ки дар муддати муайян… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
асптозӣ — [اسپ تازي] исми амал аз асп тохтан; асп давондан, аспдавонӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
босуръат — [باسرعت] суръатнок, бошитоб, тез, зуд; бошиддат: ҷараёни босуръати об (дарё), босуръат тохтан, босуръат пеш рафтани коре … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бузвор — [بزوار] монанди буз, ба мисли буз: бузвор ҷаҳидан (тохтан); риши бузвор риши борики ба мисли риши буз, ки танҳо дар манаҳ рӯида бошад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғуломтозӣ — [غلام تازي] таър. барои ғулом кардан ба ҷойҳои дигар тохтан, асир гирифта ғулом кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
давидан — [دويدن] 1. тохтан, тозон рафтан; босуръат рафтан; давидани гӯсола то каҳдон (мақ.) 2. маҷ. давуғеҷ кардан, давутоз кардан, бисёр рафтуой кардан; кӯшиш кардан (барои ба даст даровардани чизе): ба ҳар тараф давидан 3. маҷ. пайдо шудан, намоён шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пӯя — [پويه] кит 1. дав, тохт, рафти тезу тунд, гашти босуръат; асп ба пӯя фикандан асп давондан, асп тохтан, асп рондан 2. хоҳиш, ҳавас, орзу, иштиёқ, ирода, оҳанг … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ